Хабарҳо

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ҚАҲРАМОНИ РОМАНИ НОНАВИШТА

print
Падарам, нависанда ва рӯзноманигор, шодравон Аброр Зоҳир дар соли охири умраш мехост дар бораи қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур роман нависад. Ба ин мақсад, маълумоти зиёде ҷамъ овард.

Аммо умр вафо накард ва чунин коре амалӣ нашуд. Иттифоқо рӯзе дар ҳуҷраи кории падар чанд дастхат бо ин маълумот ба дастам афтод ва кӯшиш намудам, ки мурури шогирдонае ба рӯзгор ва фаъолияти ин абармарди таърихӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон дошта бошам.
Маълумоти ҷамъовардаи шодравон падарамро дар бораи ин абармарди таърихӣ варақгардон намуда, маълумам шуд, ки дар бораи зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур маълумоти фаровони якхела ва умумӣ интишор ёфтааст. Муаллифон ба ҷузъиёти ҳаёту фаъолияти ҷамъиятию сиёсиаш хеле кам таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳаёти ин арбоби ҷамъиятию сиёсӣ пурпечутоб ва пур аз ҳаводис аст. Тибқи маъхазҳо, Шириншоҳ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳарчанд ин оила тангдасту нодор буд, вале босаводу дорои ҷаҳонбинии хос. Ин дар ҳолест, ки мавҷудияти ҳиссачаи «шоҳ» дар ному насаби оилавии онҳо аз як сӯ ба шаҷараи ашрофзодагиашон далолат мекунад.
Шириншоҳ аз хурдсолӣ дар мактаби русӣ таҳсил карда, солҳои гуногун дар идораю муассисаҳои империяи рус омӯзиш ва кор кардааст. Худи ҳамин далел ишорат ба он дорад, ки Шоҳтемур ба рағми бадгӯёнаш аз ҳаводиси олам, вазъи ҷомеа, низоми империяи рус ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ огоҳии комил дошт. То инқилоби болшевикӣ Шириншоҳи ҷавон ҷонибдори афкори ҷавонбухориён буд. Вазъи сиёсию иҷтимоии замон, ғояҳои наву он замон пешқадами сотсиалистӣ низ ӯро ба худ моил менамуд.
Фаъолияти сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур аз моҳи январи соли 1921, баробари пазируфтан ба узвияти ҳизби коммунистӣ, оғоз шуд. Худи ҳамон сол (18 июл) бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ба ҳайси узви сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ барои таъсис ва бунёди кумитаҳои инқилобӣ (аввалин нишонаҳои ҳокимияти нави шӯроӣ) ба Помир омад ва ду сол дар ин ҷо фаъолият кард. Тавре таърих шаҳодат медиҳад, мавсуф дар идомаи фаъолияти худ бо дигар ҳампаймонҳояш масъалаи аз ҳама муҳим – ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро пайваста дар миён мегузошт, ки чунин амали ҷасурона дар замони шиддати пантуркизм кори саҳлу осон набуд. Аммо талошу ҷонбозиҳои шабонарӯзии Шириншоҳ ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар ин роҳ самар овард. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ниҳоят соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид.
Шириншоҳ Шоҳтемур замони дар вазифаи котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии ҶМШС Тоҷикистон, котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон кор карданаш, барои ҳалли масоили муҳими миллӣ ҳаргиз донишу қувва ва имконоташро дареғ намедошт ва барои ободию гулгулшукуфии диёраш – Тоҷикистон хидматҳои беназир кардааст. Вале талошҳои эҳёгарӣ ва миллатпарваронаи ин шахсияти тобноки таърих душманони халқи тоҷикро нороҳат мекард.
Ӯ ҳамчун роҳбари хирадманду донишманд дар кушодани мактабҳои шӯравӣ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҷорӣ намудани таҳсил ба забони модарӣ ташаббускори асосӣ буд. Ба ҳар гӯшаи Ватан сафар намекард, аввалин пурсишаш ин буд, ки «Шумо мактаб доред?». Зеро Шириншоҳи ватанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, замони роҳбарии худ маҳви бесаводиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода буд.
Шириншоҳ худ шахси таҳсилдидаву маорифпарвар буд. Аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиҳолиаш, дар 5 маврид касби худро коргар, дар 6 ҳолат омӯзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5 ҳуҷҷати дигар корманди ҳизбӣ навиштааст.
Ба саҳнаи сиёсат омадани Шириншоҳ Шоҳтемур дар авҷи муборизаҳои пантуркизм ва инкор намудани мавҷудияти миллати тоҷик ба иқболи халқи шарафманди мо буд. Ҳаракатҳои пантуркистӣ ва кӯшиши таҳрифи таърихи халқи тоҷик Шириншоҳи миллатдӯстро ором намегузошт. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигар равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвонии Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК эътироф намудани ҳуқуқу манофеи миллии тоҷиконро қотеона талаб мекард. Яке аз чунин мисолҳо «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1933 раиси Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин вазифа то охири умр, яъне то соли 1937, фаъолият намуд. Бегумон ин арбоби сиёсӣ яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маданиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар заминаи талошҳои маорифпарваронаи ӯ соли 1931 нахустин мактаби олии кишвар – Донишкадаи Осиёимиёнагии меваю сабзавот таъсис ёфт, ки баъдан ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1933) ва 10 августи соли 1992 ба Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон» табдили ном кард. 20 октябри соли 2009 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110 – солагии зодрӯзаш ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номи Шириншоҳ Шоҳтемур дода шуд.
Нуқтаи доғдори ҳаёти Шириншоҳ Шоҳтемур ин буд, ки душманони миллат пайваста нисбаташ душманӣ меварзиданд. Ба номи ӯ туҳматҳои беасосу бардурӯғ сохта, дар пайи эҷоди дасиса алайҳи ин фарзанди накуноми тоҷик буданд. Ин буд, ки мунтаҳо душманони миллати тоҷик ба вай туҳмат заданд ва бо ҷурми хиёнат ба Ватан гунаҳгор карданд. Ӯро зимни як сафар ба Москва боздошт ва бо пушти по задани адолати таърихӣ мунтаҳо 27 октябри 1937 қатл карданд. Вале таърих ҳамеша ба раванди ҳодисаҳо баҳои воқеӣ медиҳад ва дар мисоли кору зиндагии шарафмандонаи Шириншоҳ Шоҳтемур ин ҳақиқат тантана кард. Зеро бо гузашти чанд сол аз ҳукми қатлаш сафед гардид.
Хидматҳои шоёни ин фарзанди фарзонаи миллатро ба назар гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 2006 ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номи ин абармарди таърихро ба худ гирифт.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44274

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *