Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни боздид аз шароити таҳсил дар МТМУ№38 бо хатмкунандагони муассисаи мазкур суҳбат баргузор намуд.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат ҷиҳати омӯзиши илму фан ва касбу ҳунар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳар як ҷаавонро мебояд ҷиҳати андӯхтани илму фан кӯшиш ба харҷ дода, ҳамчун ҷавонони соҳибкасб дар оянда ба халқу Ватан хизмати шоиста намоянд.
Ҳамчунин ба духтарон таъкид шуд, ки дар баробари омӯзиши илму фан, инчунин ба андӯхтани касбу ҳунар, дӯзандагиву кадбонуӣ рағбат намуда, ба зиндагонии мустақил омода бошанд.
Насли ҷавон дар навбати худ изҳор доштанд, ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат пешниҳод намуда, барои супоридани имтиҳонҳо омодагӣ дида истодаанд. Дар муассисаҳои таълимии олию, касбӣ донишу ҳунар аз бар намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавобан ба сиёсатии ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар оянда ҷиҳати шукуфоии Ватани азиз хизмати содиқона намоянд.