Иқтисодиёт

ВОХУРӢ БО СОҲИБКОРОН

print
 Дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам бо соҳибкорон доир гардид.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар кишвар ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, соҳибкорон дар рушди иљтимоиву иқтисодии мамлакат саҳми муносиб доранд.
Соҳибкорони шаҳри Турсунзода низ дар пешрафту шукуфоии диёр ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон нақши муҳим бозида, хусусан, иштироки фаъолонаи онҳо дар бунёди иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси таҳсин ва шоистаи ибрат аст.
– Корхонаҳои “Сардор 2008”, “Нигора”,”Вежа Фарма”, “Дорвин пласт”,”Саркор 2015”, Ҷамъияти матлуботи шаҳр, КВД “Бозори Варзмол” дар баробари иљрои уҳдадориҳои худ тибқи муқаррарот ва талаботи қонунҳои амалкунанда, хусусан, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар бунёди иншооти ҷашнӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии шаҳр иштроки фаъолона доранд, ба онҳо арзи сипос расонида мешавад, – иброз дошт Акрамзода П.А.
Раиси шаҳр илова намуд, ки мутаассифона дар шаҳр соҳибкороне, ба назар мерасанд, ки вобаста ба сари вақт пардохт намудани маблағи андоз беэътиноӣ зоҳир менамоянд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи буҷет таъсири манфӣ мерасонад. Бо мақсади бартараф намудани чунин камбудиҳо ба масъулини Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нисбати соҳибкороне, ки фарҳанги андозсупориро риоя намекунанд, чораҳои дахлдор андешида шавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *