Имрӯз баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат роҳпаймоии ҷавонони шаҳр таҳти унвони “МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!” баргузор шуд.
Роҳпаймоӣ аз наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол” то майдони Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифта, беш аз 4 ҳазор донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони каасбу кори гуногун иштирок намуданд.