Бахшида 76 солагии рӯзи Ғалаба бар фашизм ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар шаҳри Турсунзода чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ибтидо баҳри поси хотири шаҳидони ҷанг аз ҷониби Акрамзода Парвиз Акрам, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат дар назди гулхани абад гулчанбар гузошта шуд.
Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осуда ва ояндаи нек ҷонбозиҳо намудаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ нимгушнаву нимбараҳна шабурўз заҳмат кашида, охирин луқмаи худро баҳри таъмини Ғалаба ба фронт фиристодаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Раис шаҳр қайд намуд, ки имрӯзҳо 3 нафар собиқадорон ва 5 нафар меҳнаткашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ карда, таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат қарор доранд.
Дар идома чорабинии фарҳангӣ ва сайри идона баргузор шуд