Дар арафаи Иди саиди Қурбон дар баробари табрики пайвандону наздикон, аёдату беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва, муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон хайру эҳсон намудан, ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ин анъанаи нек соли ҷорӣ низ идома ёфта, […]
15 – МАРТ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН Истеъмолкунанда кист? Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад молро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё онҳоро барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра истифода намояд, аммо на бо мақсади тиҷорат ва анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ. Инчунин барои иҷрои кору хизматрасонӣ бо шахсе шартнома бандад, истеъмолкунанда аст. […]
Имрӯз дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Нахуст раиси шаҳр Абдуқодир Вализода модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. […]