Бахшида ба 76 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Турсунзода ва ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қадрдонӣ шуданд.
Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллат иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ роҳнамоӣ намуд.
Зимни аёдати иштирокчиёни ҶБВ сипосу қадрдонӣ ва маблағи даҳ ҳазор сомонӣ мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллатро супорида, Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай афзуд, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Дар ин дидорбинӣ мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳр ва ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” низ ба собиқадорони ҷанг тақдим гардид.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурда, 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.
Дар ин қатор беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар роҳи муҳофизати Ватан шаҳид шудаанд.
Соли равон 76-солагии иди Зафарро ҳамагӣ 3 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 5 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.