Иҷтимоиёт

САДАҚАИ БОАРЗИШТАРИН – САДАҚАИ МОҲИ РАМАЗОН АСТ

print
Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат аз фазилати моҳи мубораки Рамазон буда, ҳар шахсе, ки дар ин ин моҳи шариф барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шуда аст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.
Дар моҳи мубораки Рамазон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ ба оилаҳои ниёзманд расонидани кӯмакҳо идома дорад. Чунин амали хайр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбе амалӣ гардида, ба як қатор оилаҳои кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *