Таҷлил

2-МАЙИ СОЛИ 1911 ЗОДРӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА 

print

 

705113 22.04.1974 Герой Социалистического Труда, поэт Мирзо Турсун-заде. Дни таджикской поэзии в Москве. Колонный зал Дома союзов. Борис Кавашкин / РИА Новости

Зиндагинома. Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр  дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 19251926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 19261927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 19271930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Суғдро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 — 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и шаҳри Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст[1]. Эҷодиёт Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» (1932) аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хӯҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тилоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои «Пайғом» (1949), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958) ва «Ман аз Шарқи Озод» (1959) ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ватан» (1942)-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои “Писари Ватан” (1942), “Арус аз Москва” (1945), «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин» (1963), “Аз Ганг то Кремл” (1967) ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҷоизаҳо Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвонҳои:

Некдошти устод Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва Ноҳияи Турсунзода (ки қаблан ба номи ноҳияи Регар мазкур буд), Донишкадаи санъати Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Нимпайкараи ӯ назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҳайкалаш дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоб шаҳри Душанбе ва диг. хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.Соли 1977 дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон,дар ноҳияи Самарқанд, мактаби миёнаи рақами 95 ( ҳозир 12 ) ба номи Ми

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *