Экология

МАШВАРТАТИ ОМӮЗИШӢ БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН

print

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии Модар Замин, ки ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад,  дар МТД “Коллеҷи тибби шаҳр ТУрсунзода”   машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

 Дар ибтидои машарат  доир ба таърихи ва моҳияти ин санаи муҳими экологӣ  маърӯзаи мутахассисони шуъба  шунида шуд. Таъкид гардид, ки маҳз моҳияти баланд доштани ҳифзи табиати сайёраи Замин инсониятро водор намудааст, ки тадбирҳои экологиро бештар тарғиб намояд. Барои мисол Рӯзи Замин ҳам 21 март таҳти унвони “Рӯзи байналмилалии Замин” таҷлил гардида, инчунин санаи 22 апрел таҳти унвони “Рӯзи байналмилалии Модар-Замин”  ҷашн гирифта мешавад.

            Истилоҳи “Модар Замин” дар бисёр кишварҳо маъмулан пазируфта шудааст, ки он муносибати сайёра, экосистемаҳои он ва одамонро инъикос намуда, ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ дар сессияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2009 таъсис ёфта, ҳамасола аз соли 2010 санаи  22 апрел таҷлил карда мешавад.

         Мақсад аз эълон намудани  Рӯзи байналмилалии Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд. Таҷлили Рӯзи Модар – Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар як сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он  ғамхорӣ намояд ва ҳар як гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

 Баъдан байни мутахассисон, омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста ба масъалаи мазкур музокира ва суҳбати омӯзишӣ доир гардид.

         Баргузории машварату аксияҳо санаи 22 апрел низ дар шаҳри Турсунзода идома меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *