Маориф Хабарҳо

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ УСМОНЗОДА УСМОНАЛӢ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

print
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Бунёди авруосиёии пойдорӣ ва рушд (ЕФСР), инчунин роҳбарияти шаҳр ва масъулини амалисозии лоиҳаи мазкур дар майдони сохтмон машварати корӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам доир ба корҳои амалишуда, ҳисобот дода, қайд намуд, ки майдони сохтмон, лоиҳаи иншоот омода гардида, ҷиҳати бунёди роҳу пули нақлиётгузар корҳо муташаккилона идома доранд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини татбиқи лоиҳа вобаста ба иҷрои бо сифати корҳо тибқи нақша дастурҳои мушаххас дод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *