Таҷлил

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 15.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. […]