САЪДУЛЛОЕВ МУЛЛОҶОН яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ӯ соли 1903 дар оилаи оҳангар дар деҳаи Қаратоғ (д. Қаротоғи ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА) таваллуд шуда, ҳаёти кӯдакӣ ва овони ҷавонияш ба сифати батрак ва бофанда дар даргоҳи бой гузаштааст.
Баъд аз инқилоби Бухоро аз соли 1921 ба сафи инқилобчиёни Бухорои Шарқӣ ворид шуд.
Соли 1924 намояндаи ваколатдори Раёсати Итиҳоди идораи сиёсии уезди Қаратоғ таъин гардид.
Соли 1925 ҳамчун намояндаи Раёсати Иттиҳоди идораи сиёсии корпуси 13-уми тирандози дивизияи 8-уми савора фаъолият намуд.
Саҳми Саъдуллоев Муллоҷон дар ташкил ва рушди давлати нав ва прокуратураи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон арзанда арзёбӣ мегардад Ӯ дар вазифаҳои давлатии зерин фаъолият намудааст:
Солҳои 1926 -1927 Комиссари халкии савдои Ҷумҳурии автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Солхои 1927 -1931 Комиссаратии халкии адлия ва прокуратураи Тоҷикистон.
Соли 1931 намояндаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тољикистон дар назди Совети иқтисодии Осиёи Миёна
Солхои 1931 —1933 таҳсилкунандаи курсхои марксизм-ленинизми назди Комитети Марказии ВКП(б).
Солхои 1933—1934 Комиссари халкии молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тољикистон.
Солхои 1934—1936 таҳсилкунандаи Академияи плансозии Итиҳоди Шӯравӣ.
Солхои 1936—1941 ҷонишини сардори шуъбаи саноати хӯроквории Госплани Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия.
Солҳои 1941-1945 иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Солхои 1945—1946 прокурори шуъбаи ҷиноятӣ-судии прокуратураи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР)
Солхои 1946—1957 раиси Госплани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
1957—1965 чонишини раиси Совети хочагии халки Точикистон.
Солхои 1927—1935 аъзои Комитети Маркази ва аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд.
Саъдуллоев Муллоҷон борхо аъзои Комитети Иҷроияи Марказӣ, аъзои Президиуми Комитети Иҷроияи Марказї, аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Узбекистон интихоб шудааст.
Барои хизматҳои арзанда бо ордени Ленин, 4 ордени Байраки Сурхи Меҳнат, 2 ордени Ситораи Сурх ва дигар медалхои ҷашнӣ мукофотонида шудааст.
Дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ Саъдуллоев Муллоҷон ба адабиёт ва шеъру шоирӣ маҳбубият дошта, силсилаи шеърҳояш низ нашр гардидааст.
Саъдуллоев М соли 1978 вафот кардааст.