Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақоми занони тоҷик маҳз бо талошу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа баланд гардида, мавқеи онҳоро Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат доимо дастгирӣ менамояд.
Қабули якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Хусусан дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар рушди мақомоти судӣ нақши босазо гузоштаанд.
Ба шарафи Рӯзи Модар Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Агар гӯем, ки баланд гардидани мақому манзалати бонувони тоҷик дар ҷомеаи муосир, дастгириву ҷалби онон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар неъмати Истиқлоли давлатӣ аст, иштибоҳ намекунем, зеро бо шарофати соҳибихтиёр гардидан Тоҷикистон мустақилона шаклу роҳҳои идоракунии давлатӣ, сиёсати корбариро муайян намуда, баробарии мардону занонро дар сатҳи Қонуни олии мамлакат ҷой дод. Тоҷикистон аз кишварҳои пасошӯравие мебошад, ки баробари соҳибихтиёр гардидан баҳри ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон» рӯ овард. Яъне, аз ибтидои солҳои истиқлол таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлат ба ҳуқуқи занон, масъалаи фароҳам овардани имконияти баробар бо мардон ва чалби бештари бонувон дар ҳаёти чамъиятиву сиёсии давлат рӯи кор омад».
АМИТ «Ховар»: Баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва баланд бардоштани мартабаи онҳо дар ҷомеа кадом санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд?
Мавлуда Қаландарзода: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии дар ҷомеа баланд бардоштани мартабаю эътибори занро дар ҳалли масъалаҳои баробарии фитрии зану мард, мавқеи зан дар оила, ҳуқуқу вазифаҳои мутақобилаи зану шавҳар дар корҳои оиладорӣ, таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳои муосир, фаъолияти меҳнатии занон дар корхонаву муассисаҳо ва масоили фаъолияти ҷамъиятию сиёсии занон дида, қабл аз ҳама, дар ин ҷода заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Бобати амалӣ гардонидани ин мақсадҳо якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмин намудани ҳуқуқу имконияти баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба баланд бардоштани эътибору манзалати бонувон, маърифати ҳуқуқии онҳо, иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсию иқтисодию иқтимоӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ равона гардидааст, қабулу амалӣ карда шуда истодаанд.
Мояи сарфарозию ифтихори занон аст, ки кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат самара ба бор оварда, имрӯзҳо онон дар тамоми сохторҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, илму маориф, тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, молияву бонк, кишоварзиву саноат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятиву мудофиа, адлияву суд ва дигарҳо сарбаландона фаъолият намуда, боварии Сарвари давлатро амалан ба ҷо меоваранд. Зеро дастгириву пуштибонӣ, боварӣ ба қобилияту истеъдоди онҳо боиси рӯҳбаландӣ ва дучанд гардидани масъулиятнокӣ баҳри рушди ҷомеа, пешрафти амалҳои ободониву созандагӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»: Зани ҷомаеи муосири тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед?
Мавлуда Қаландарзода: Занону бонувон ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буданду ҳастанд. Ин рисолати бузург раҳнамои рӯзгори бонувони мо мебошад. Имрӯз мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Пешвои муаззами миллат нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва дастгирӣ мекунанд. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон – модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар мақомоти судӣ босамар фаъолият доранд.
Боварӣ дорем, ки занону модарон минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш мекунанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
АМИТ «Ховар»: Саҳми занону бонувони мамлакатро дар рушди мақомоти судӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Мавлуда Қаландарзода: Дар ҳокимияти судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ аст, занону бонувон бо масъулияти баланд рисолати ба амалбарории адолати судиро таъмин менамоянд. Шумораи умумии судяҳо аз ҳисоби занон дар судҳои ҷумҳурӣ 94 нафарро ташкил медиҳад, дар ҳолате, ки шумораи судяҳо 485 адад аст, яъне 19,1 фоиз мебошад. Дар мансаби роҳбарикунанда 3,2 фоиз ё 16 нафар занон фаъолият доранд.
АМИТ «Ховар»: Фаъолият дар мақомоти судӣ аз зан-модар кадом хислатҳоро тақозо менамояд?
Мавлуда Қаландарзода: Аз таҷрибаи корӣ мегӯям, ки дар кадом ҷодае, ки зан фаъолият дорад, он ҷо адлу инсоф пойдор буда, ободӣ, тартибу низоми корбарӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин таҳлили фаъолияти судҳо нишон медиҳад, ки занон дар амалигардонии адолати судӣ баробари мардон бо масъулияти ҷиддӣ, содиқонаву софдилона ҷиҳати барқарорсозии адолати судию иҷтимоӣ заҳмат мекашанд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат сиёсати дастгирии занону бонувонро тақвият бахшида, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “то даме, ки ман ҳастам, пайваста шумо, бонувони азизро дастгирӣ мекунам, шумо ҳам ба хидмати содиқона пайи беҳбудии Ватан идома бахшед”. Албатта, ин эътимоду боварии Пешвои миллат барои бонувон шарафмандии бузург аст. Ҷавобан ба он мо, занон тамоми неруву донишу таҷрибаамонро бо садоқату масъулияти баланд баҳри ободониву пешрафти Ватани маҳбуб, тарбияи насли ҷавони бохираду оқил, худшиносу ватандӯст барои ояндаи миллат равона менамоем.
АМИТ «Ховар»: Мегӯянд, ки тамоми бузургону нобиғаҳо ва паёмбаронро модар ба дунё овардааст, аз ин рӯ бузургии зан-модар аз диди Шумо?
Мавлуда Қаландарзода: Дар фарҳанги башарият ва маънавияти инсонӣ Модар ва эҳтироми вай дар сатҳи хеле баланд қарор дорад ва зери ибораи Модар сифатҳои волои инсонӣ, ба мисли, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорӣ, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ нуҳуфтааст. Модар офарандаи ҳаёт буда, дар олам муқаддастар аз модар мавҷуде нест. Ӯ ба инсон ҳастӣ мебахшаду дар домони биҳиштиаш тифлашро ғизо дода, бо сад меҳру муҳаббат чун гавҳари бебаҳо парвариш намуда, бо ҳазорон умеду орзуҳои ширин ба камол мерасонад. Бояд гуфт, ки гузаштагони мо барои шаклгирии тамаддун нақши асосӣ ва ҷовидона бозидаанд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдулқосими Фирдавсиву Мавлоно Румӣ, Умари Хайёму Абуалӣ Сино ва садҳои дигар фарзандони ин миллат дар соҳаи илму фарҳанг, дину оин, ҳунармандӣ ба кулли инсоният хидмати беандоза кардаанд. Шуҳрати онҳо чаҳонро гирифтааст, мояи ифтихор аст, ки ононро ба башарият модари тоҷик арзи ҳастӣ бахшида, таълиму тарбият додааст.
АМИТ «Ховар»: Назари Шумо ба қабул ва татбиқи қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»?
Мавлуда Қаландарзода: Вазифаи имрӯзаи мо, модарон дар марҳилаи муосири шиддатноки ҷаҳонӣ барои фардои Тоҷикистон тарбия ва ба воя расонидани насли солиму солеҳ, ҳушёру закӣ, оқилу доно, қавииродаву меҳандӯсту меҳанпарвар мебошад. Зеро, ҳангоме фарзанд аз тарбияву таълим баҳра нагирифту бенасиб шуд, сустиродаву нодон мемонад ва гумроҳу фирефтаи гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро гардиданаш мушкилие надорад. Инҷо таъкид намудан ба маврид аст, ки татбиқи яке аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳадафҳои дар боло зикргардидаро дар ҳаёти ҷомеа амаливу таъмин мекунад. Ва боз ҳам оид ба хиради волову ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат бобати қабули ин қонуни миллӣ аҳсану сипос мехонем.
АМИТ «Ховар»: Таманниёти Шумо ба модарони тоҷик?
Мавлуда Қаландарзода: Қабл аз ҳама, ҳамчун модар суботу осоиштагиву осмони софи Ватани азизамонро таманно менамоям, зеро танҳо дар чунин фазо Модар метавонад хушбахту саодатманд бошад. Бигузор нуру хуршеди чеҳраи равшану гарми модаронамон солҳои тӯлонӣ оромиши қалбҳо ва сафобахши ҳаётамон бошад.