Зимни баромади табрикотӣ раиси шахри Турсунзода Акрамзода П.А. иброз дошт, ки бунёди Марказ идомаи мантиқиву маънавии ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия буда, нақши муҳими он тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандӯзӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ ба ҳисоб меравад.
– Барои онҳое, ки бо мақомоти иҷроияи ҳикимияти давлатии шаҳр ҳамкорӣ намуда, дар бунёди Маркази мазкур саҳми муносиб гузаштаанд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзодаро мерасонем, иброз дошт раиси шаҳр.
Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фралов И. С. дар рафти суханронии худ иброз дошт, ки ҷиҳати ҳамкории байнидавлатӣ дар самти фарҳангию маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода боз як қадами устувор гузошта шуд ва ин иқдоми наҷиб дар идома низ густариш дода мешавад.
-Асос он аст, ки насли наврас дар ин маркази маърифатӣ ба донишандӯзӣ фаро гирифта шуда, дониши андӯхтаашон ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ заминагузорӣ намояд.
Дар идома саҳмгузорони бунёди Марказ бо “Ифтихорнома”-и Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.
Зимни барномаи фарҳангӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр шеъру сурудҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаро тақдими ҳозирин гардониданд.