Фаъолияти намояндагон

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

print
Дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо интихобкунандагон баргузор шуд.
Вакили мардумӣ дар ибтидо ҷиҳати иштироки фаъолонаи мардум дар маъракаҳои сиёсии кишвар – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фазои ороми сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаҳо дорои фарҳанги баланди сиёсӣ будани халқи моро бори дигар ба оламиён собит намуд.
Дар идома Холмаҳмадзода Солеҳа вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби вакилон қабул гардидааст, суханронӣ намуд.
Рушди иҷтимоиву иқтисодии малакатро мавриди таҳлил қарор дода, вакили мардумӣ иброз дошт, ки соли 2020 новобаста аз мушкилоти хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ва бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мардуми Тоҷикистон аз ҷумла сокинони шаҳри Турсунзода ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар шаҳр соҳаи кишоварзӣ 2,6 фоиз, сохтмон 9,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 8,4 фоиз ва савдо 20,7 фоиз афзоиш ёфт. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иститқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамкори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, фаъолон ва сокинони шаҳр 119 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2664 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ки ба некӯаҳволии мардум мусоиддат намуд.
Баъдан зимни суҳбати озоду ошкоро вакили мардумӣ ба саволу дархости интихобкунандагон посух дод.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то 9 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *