Дар шаҳри Турсунзода дар қатори дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёди муассисаи томактабӣ аз масоили муҳим ба ҳисоб рафта, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов сохтмони кӯдакистон бомаром идома дорад. Иншоот аз ду ошёна, утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, синфхонаҳо, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои тақриби 200 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Бунёди […]
Дар баробари таҷлили тантанаҳои Наврӯзи гулрез дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода корҳои созанда ҷиҳати бунёди бинои нави МТМУ №68 оғоз гардиданд. Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо рафти корҳо вобаста ба бунёди бинои нави боргоҳи илму маърифат шинос шуданд. Соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Давлатов, ки бунёди бинои навро ба зимма гирифтааст, […]
Имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо масъулини шуъбаи маориф ва ҶСК “Насли наврас” аз як қатор кӯдакистонҳои шаҳр дидан намуданд. Нахуст бо вазъи муассисаҳои томактабии №№ 9, 11, 12,14, 16-и ҶСК “Насли наврас” ки дар тобеияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қарор доранд, дидан намуданд. Зимни […]