Имрӯз вохӯриҳои навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо интихобкунандагони маркази шаҳр ва Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Дар ибтидо вакили мардумӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қонунгузорӣ, намояндагӣ ва самти фаъолияти байнипарлумонӣ дар соли 2020 суханронӣ намуд.
Дар идома вобаста ба истифодаи сарфакоронаю мақсадноки нерӯи барқ ва пешгирии исрофкории он суҳбат ороста шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба мақсади таъмини оила бо маҳсулоти ғизоӣ сокинонро мебояд ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ хоҷагиҳои ёрирасон аҳамияти ҷиддӣ равона карда, бештар ба кишти зирати асосӣ, аз ҷумла сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият дода шавад.
-Тибқи пешгӯии таҳқиқотчиён ва мушовирони байналмилалӣ соли 2021 дар ҷаҳон эҳтимолияти норасоии маводи ғизоӣ ба миён ояд, аз ин рӯ моро мебояд вобаста ба захираи маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода барем,- иброз дошт. Холмаҳмадзода С
Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ, пешгирӣ аз шомилшаавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишу ҳунаромӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат ороста шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли ҷорӣ дар мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин дар шаҳр корҳои созанда идома дошта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оғоз аз хонаву дару худ ва деҳаву шаҳр ҳар яки мо масъулем, ки корҳои ободониро вусъат дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнвора саҳмгузорӣ намоем.
Баъдан вобастата ба корҳои созанда ва мусоидат дар як қатор масъалаҳои рӯзмарра дархости интихобкунандагон пешниҳод гардид.