Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (ДАЪВАТИ ШАШУМ)

print
Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода-раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар он 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷиҳати иштирок дар кори Иҷлосия инчунин, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, хоҷагиҳо, васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр даъват гардиданд.
Дар ибтидо ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам вобаста ба иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти коммуналӣ дар соли 2020 ба самъи вакилон расонида шуд.
Доир ба масъалаҳои 2-7 муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдори буҷети маҳаллӣ, тасдиқ намудани нақшаи андози иҷтимоӣ, муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ, тасдиқи протоколҳои ҷаласаи комиссияи кории шаҳри Турсунзода оид ба фонди рушди ҷомеаи маҳаллӣ баромад намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои 8,9,10 ва11 рӯзнома тағйир додани номи баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Турсунзода ва номгузорӣ намудан муассисаи таҳсилоти ибтидоии №67 номи Якубов Зоир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ва нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи якуми соли 2021 зимни баррасии масъалаҳои 12-13 рӯзнома тасдиқ гардид.
Таъин намудани Файзуллоев Саидқул Исматович ба мансаби директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Турсунзода масъалаи чордаҳуми рўзномаи иҷлосия буд.
Зимни баррасии масъалаи 15 қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои панҷум ва шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабул гардидаанд, тасдиқ шуд.
Дар фарҷом вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *