Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни суҳбат бо насли наврас раиси шаҳр иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тамоми шароити таълиму тарбия муҳайё буда, насли наврасро мебояд ҷиҳати омӯзиши илму фан, касбу ҳунар ва тарзи ҳаёти солим саъю талош намоянд.
Таъкид шуд, ки соли равон ҷавонони шаҳри Турсунзода дар озмунҳои чумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва як қатор олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фосилоавӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, эътибори шаҳри моро боз ҳам афзун намуданд.
Мо ифтихор дорем, ки беш аз 150 нафар наврасону ҷавонони шаҳри мо дар сабқатҳои ҷумҳуриявю байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд ва боварӣ дорем, ки ҷиҳати татбиқи пайкори маорифпарвоаронаи муҳтарам Пешвои миллат дар солҳои минбаъда сафи ғолибону ҷоизадорон шаҳри мо аз ин бештар хоҳад гардид,-иброз дошт раиси шаҳр.
Дар идома ба ғолибон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд.