Конфронси навбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, собиқадорон ва фаъолони ҳизбӣ санаи 10 декабр баргузор гардид, ки ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуд.
Дар ибтидо Абдураҳимова Дилбар Паёми табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин расонид.
Зимни баромади худ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам вобаста ба Барнома, ҳадафҳои созанда ва иштироки фаъолонаи ҲҲДТ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз баромад намуда, таъкид дошт, ки вазифаи муқаддасти ҳар як аъзои ҳизб баланд бардоштани шуури сиёсии ҷомеа, таблиғи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва татбиқи пайкори бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Шоҳиён Абдураҳим вобаста ба таъриху ташаккулёбии ҳизбҳо суханронӣ карда, таъкид дошт, ки дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҲХДТ ҷиҳати пешрафту тараққиёти Ватан, зиракии сиёсии ҷомеа саҳми муносиб дорад. Аз ҳамсафони ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд низ дар татбиқи Барномаи ҲХДТ бо азму талош ва иродаи қавӣ ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Пешвои миллат амалан пайравӣ намоянд.
Дар идома ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!”, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон гардида, буд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби раёсат ва собиқадорон ба як қатор аъзои нав дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуда, собиқадорон ва фаъолони ҳизбӣ низ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳр
сарфароз гардиданд.