Вохӯри бо ҷамоат

ҚАБУЛИ САЁЙРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ ТУРСУН ТУЙЧИЕВ

print
Қабули сайёри навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев баргузор шуд.
Дар ибтидо Акрамзода Парвиз Акрам Акрам бо раисони маҳаллаҳои ҳудуди деҳот суҳбати озоду самимӣ баргузор намуда, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу амонӣ ҳукмрон буда, мардум ҷиҳати шукуфоии Ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худ меҳнати софдилонаро идома дода истодаанд.Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳри Турсунзода низ руз то рӯз тараққӣ карда, ба яке аз шаҳрҳои зебои мамлакат табдил ёфтааст.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои созанда муташаккилон идома дорад, ки дар ин самт саҳми сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев низ назаррас аст. Аз ини лиҳоз ҳар як сокинои деҳотро мебояд дар самти ободию созандагӣ дучанд меҳнат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худ саҳмгузорӣ намоянд.
Дар идома қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки сокинон доир ба таъмини об, дасгирии табақаи ниёзманд, бунёди майдончаҳои варзишӣ, чароғонкунӣ, насби сутунпояҳои нав ҷиҳати интиқоли қуваи барқ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва ғайра муроҷиат ва мусидати раиси шаҳрро ҷиҳати ҳалли он дархост намуданд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар муддати муқаррашуда дархости сокинон мавриди иҷро қарор дода шуда, аз натиҷаи бароҳбарияти шаҳр маълумот пешниҳод гардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *