СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ШУЛУМ Имрӯз қабули сайёри шаҳрвандон ва суҳбати озоду ошкорои раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳаи кӯҳии Шулум мавқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навобод баргузор шуд. Дар ин замина раиси шаҳр аз муассисаи таълимии деҳа дидан намуд. Сокинони маҳал ба раиси шаҳр барои мусоидат дар масъалаҳои бунёди обанбор, бунёди синфхонаҳои иловагӣ […]
Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият вохӯрии раиси тозатаъини ҷамоати деҳот Негматуллоева Умеда бо фаъолон, раисони кумитаи маҳал, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имомохатибон баргузор шуд. Дар ҷараёни вохӯри паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди шарҳ қарор гирифта, таъкид шуд, ки паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо […]
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил бо иштироки ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам, инчунун сардори шуъбачаи пешгирӣ барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстрамистидошта дар гурӯҳи роҳияҳои Ҳисор майори милитсия Қадамзода Бахтиёр Сафархон вобаста […]