Хабарҳо

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ БАЙНИДЕҲАВӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созанда муташаккилона идома доранд.
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз гардид. Айни ҳол бо истифода аз техникаҳои махсусгардонидашудаи роҳсозӣ дар беш аз 0,6 км роҳ асфалти гарм рехта шуд. Боиси қайд аст, ки дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳри Турсунзода ин соҳибкори бонангу номус саҳми арзанда гузошта истодааст.

На изображении может находиться: один или несколько человек и на улице

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *