Хабарҳо

ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА РӮЗИ АВВАЛ ПУРРА ТАЪМИН ГАРДИД

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2020, «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» рӯзи даъватшаванда баргузор шуда, ҷавонони синни ба хизматрасида дар фазои тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Боиси қайд аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ нақшаи даъвати ҷавонони шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ бори аввал дар рӯзи якум пурра иҷро гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни сухани табрикотӣ, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.

Ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия ва ба сифати муҳофизи Ватан омода менамояд. Боиси ифтихор аст ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон аз шаҳри Турсунзода имрӯзҳо садҳо ҷавонони бонангу номус адои хизмат намуда истодаанд, ки сарбаландии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон ба ҳисоб мераванд.

Зимни баромад волидайни даъватшавандагон иброз доштанд, ки бо эътимоди комил фарзандонро ба сафи Артиши миллӣ гусел менамоянд ва боварии комил доранд, ки онҳо бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд.
Наваскарон омодагии худ ва содиқона адо намудани хизмати ҳарбиро изҳор дошта, таъкид намуданд, ки дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард.
Дар охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои наваскарон дастурхони идона ороста шуда, ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *