Хабарҳо

НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ УМУМИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МЕҲМОНИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз дар доираи сафари кории ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони соҳаи фарҳангу маънавият ҳайати намояндагони воситаҳои ахбори умуми ин кишвари ба мо дӯсту бародар ба шаҳри Турсунзода   ташриф оварданд.

Меҳмонон бо анъанаи неки тоҷикона дар сатҳи баланди фарҳангӣ пазироӣ шуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам  зимни шиносоии шаҳр иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода  диёри халқҳои гуногун буда, сокинони шаҳр зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстиву бародарӣ  дар соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати софдилона менамоянд.

Меҳмонон зимни боздид дар токзори хоҷагии деҳқонии “Ватан” бо навъҳои гуногуни ангур тарзи парвариш ва нигоҳдории он шиносоӣ пайдо намуданд.  Зимнан  намояндагони хадамоти матбуоти Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шабакаҳои телевизионии “Уз репорт” “Севимли”,  “Замон”,, инчунин телевизиони “Тоҷикистон” шабакаи телевизион ва радиои “Регар”  дар ҳамкорӣ бо токпарварони шинохтаи мамлакат Неъматҷон Усмонов, Маҳмадамин Мадумаров ва дигар аъзои хоҷагӣ суҳбат оростанд.

Баъд аз боздиди шаҳри Турсунзода намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафраи худро ба ба пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе идома доданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *