Аҳолӣ

ҚАБУЛИ САЁЙРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ ДАР ДЕҲОТИ НАВОБОД

print
26.09.2020. ш. Турсунзода.
Имрӯз қабули сайёри навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Ҷамоати деҳоти Навобод сурат гирифт.
Дар ҷараёни он муовинони соҳавии раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, масъулини як қатор сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Навобод ва бештар аз 20 нафар сокинони деҳот ширкат варзиданд.
Қабули шаҳрвандон дар фазои озод ва суҳбати самимӣ ҷараён гирифта, сокинон аз сулҳу осоиши Ватан шукргузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар иҷрои корҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ишироки фаъолона доранд.
Муроҷиаткунандагон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани деҳот, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, экологию санитарӣ, андешидани тадбирҳои иловагиро аз масълини мақомоти дахлдор ҷиҳати дасгирӣ дар самти баргузории корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаҳои варзишӣ, вусъати чароғонкунӣ, насби сутунпояҳои нав, интиқоли иловагии хати барқ, кӯмак ба табақаи ниёзманд ва дигар масоили умдаи рӯзро дархост намуданд.
Ҷиҳати сари вақт амалӣ гардидани дархости шаҳрвандон ба масъулин супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳтарин дар доираи талаботи қонун дархосту пешниҳоди мардум қанеъ гардонида шуда, аз натиҷаи ба он роҳбарияти шаҳр маълумот пешниҳод карда шавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *