Эълонҳо

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ

print
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ

ТУРСУНЗОДА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

  1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода –1 ҷой, маоши мансабӣ 1519 сомонӣ
  2. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1131 сомонӣ;
  3. Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода – 1 ҷой маоши мансабӣ 759 сомонӣ
  4. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ 759 сомонӣ;

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

 Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Работ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Работ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов, маоши мансабӣ 841 сомонӣ
  3. Мутахассис оид ба корҳои андози Ҷамоати деҳоти Регар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 690 сомонӣ

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири шуъбаи дастгоҳи раиси шаҳр

           – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малаки роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассиси

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

 – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер.

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

 – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи кор бо компютер.

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

 – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер.

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи кор бо компютер.

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

 – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи кор бо компютер.

    

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кўчаи М. Турсунзода 130/45, телефон: (8-31-30) 2-22-07, 2-25-96

www.tursunzoda.tj, Email: hukumattursunzoda@mail.ru

       Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ  ҳар моҳ андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *