Ҳамдиёрони азиз!
Боиси иқболу саодатмандист, ки дар баробари тамоми мардуми шарафманди мамлакат сокинони шаҳри Турсунзода 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери фазои сулҳу оромӣ ва парчами ваҳдату ҳамдилӣ бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли сокинони меҳнатдӯсти шаҳрроо табрику таҳният намуда, сарбаландиву комёбиҳо таманно дорем.
Ҳамдиёрони азиз,
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ ба ҳисоб рафта, ба тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун санаи сарнавиштсоз муқаддастарин ҷашн арзёбӣ мегардад. Истиқлолият ба мардуми шарафманди тоҷик ҷиҳати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ шароити мусоид фароҳам оварда, барои дарки ҳувияту ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва эҳсоси ватандорӣ рӯҳияи нав бахшид.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам омад. Кишвар ба корзори бузурги созандагӣ табдил ёфта, лоиҳаҳои муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ дар амал татбиқ гардида, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд шуд..
Ҳамдиёрони азиз,
Бо шарофати файзу нусрати Истиқлолияти давлатӣ шаҳри Турсунзода низ дар баробари дигар минтақаҳои кишвар рушду такомул ёфт.
Ҳамасола маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ сохтмон ва хизматрасонӣ афзун гардида, ҷиҳати баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр мусоидат намуд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони банангу номус корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, биноҳои муосири маишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва маҷмааҳои савдову хизматрасонӣ бунёд ва шаҳри мо ба яке аз минтақаҳои зебои мамлакат табдил гардид.
Ҳамдиёрони гиромӣ !
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола таъкид доштанд, ки «Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем. Ҷиҳати иҷрои нақшаҳои созанда мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бовиҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.
Бо ин мақсад дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ва фаъолон 367 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 179 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Дар доираи сафари кории муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода ва сазовор пешвоз гирифтани 29-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр боз 26 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иштироки муҳтарам Пешвои миллат дар оғози ҳосилғундории пахта ва шолӣ, ифтитоҳи хати нави зеристгоҳи “Равшан”, майдони Парчами давлатӣ, маркази табобатии “Нури шифо”, корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор 2008”, коркард ва хушк намудани ангур, инчунин боздид аз хоҷагиҳои “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Боғи Сомон” ба кулли сокинони шаҳр рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Сафарҳои корӣ ва дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки софдилона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати рушду пешрафти Ватан ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокигони шаҳр кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ҳамдиёрони азиз!
Ба қадри Ватан ва Истиқлолияти давлатӣ расидан вазифаи муқаддас ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатӣ шукрона кунем, Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст дорем, ба давлати худ содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.
Эътимоди комил дорем, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода, минбаъд низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки баҳри шукуфоии Ватан равона шудаанд, содиқона меҳнат менамоянд.
Бо ибрози нияту орзуҳои нек бори дигар кулли сокинони шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори 29-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, сиҳатмандиву сарбаландӣ, ободии хонадон ва ба Ватани азизамон сулҳу осоиш ва пешрафту тараққиёти рӯзафзунро орзу менамоем.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!