Нуқтаи назар

ДАР РОҲИ ОБОДГАРӢ

print

Рӯзҳои пешомад моро ба солгарди навбатии Истиқлолияти кишвар ва ҷашни 30-солагии таҷлили он наздиктар мегардонад. Ин бошад, моро ба ҷараёни азими кору пайкори худафрӯзӣ ҳамроҳ карда, масъулияти ҳар кадомро дар ин росто афзунтар намуда, водор месозад, ки ба ҳамин муносибат дастовезе дошта бошем, то ба рӯйи сурх ва чеҳраи кушоду фурӯзон худро дар оғӯш ва қатори истиқболгарони дигар фараҳманду шодком бубинем.
Омодагиҳои ҷашнӣ дар саросари мамлакат кайҳо боз оғоз ёфта, то ба имрӯз идома доранд. Ногуфта намонад, ки аллакай садҳо, балки чанд ҳазор иншооти нав ба истифода дода шуд. Аммо корҳои зиёди дигар дар пешорӯйи мо қарор доранд, ки бояд ба субут расонида шаванд. Ин ҳамаро фаро гирифтан дар шароити пандемияи КОВИД-19 корест ба гуфтан осон. Агар ба ин илова намоем, ки вазъи иқтисоду молия ба мушкилоти азим рӯ ба рӯст, пас маълум мегардад, ки ҳар амали навбатии истиқболӣ фидокорию ҷоннисорӣ талаб менамояд. Вале дар ҷабҳаи созандагию бунёдкорӣ роҳи қафогард нест. Бояд пеш рафт. Роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амали мо қарор дошта бошад. Ва чунин ҳам ҳаст. Ба мушаххасоти омории амалҳо муроҷиат намуда, хонандаро бо вазъи корҳо шинос кардан мумкин аст. Барои намуна, дар шаҳри Турсунзода аз ибтидои корҳои созандагӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият садҳо иншоот ба кор андохта шуд.
Вақте шаҳрванд дар бунёди роҳу манзил, обектҳои истеҳсолӣ, иҷтимоию маишӣ ва амсоли ин худ ширкат карда, осори заҳмату арақи ҷабини хешро ба чашми сар мебинад, магар ин ҷойи ифтихору фараҳмандӣ нест? Ҳаст. Ва беш аз ин. Набояд фаромӯш кард, ки иштироку саҳмгузорӣ дар амалҳои ободонӣ номи нек аст. Некию накукорӣ бошад, сиришти аслии одамияту одамгариро ҳувайдо менамояд.
Маънии дигарро ҳам гӯшрас кардан зарур аст. Ҳастанд нафароне, ки аз дур истода, санги маломат сӯи давлати мо мезананд. Ин амали созандагиро вазифаи давлату мақомоти давлатӣ меҳисобанд. Хусусан, гурӯҳҳои ифротӣ мисли наҳзатиҳову “гуруҳаки 24”, ки барои Ватан манфиате наёварда, баръакс онро ба вартаи нобудӣ оварда буданд, ҳоло низ аз созандагиҳо дар сарзамини муқаддас дилтанганд….
Агар аз насли калонсол суоле пеш ояд, ки даврони Шӯравӣ дигар буду кор дар ин самт ба зиммаи давлат буд, ин суол низ посухи худро дорад. Давлат он давр ҳама гуна масъулиятҳоро монополия карда, ба зимаи худ гирифта буд. Мақоми шаҳрванд дар зинаи ниҳоят паст қарор дошт. Яъне, давлат ҳама гуна корро ба ҷойи шаҳрвандон ба ҷо меовард. Шаҳрвандон «мурватак»-и одӣ буданду халос. Аммо олами имрӯзаи мо тақозои дигар дорад. Озодиҳои инсон ба маротиб афзудааст ва дар паҳлуи он масъулиятҳо низ афзойиши чашмгире доранд. Ба хусус, дар давлатҳои навистиқлол, ки иқтисоди онҳо дар шароити рақобатҳои азими ҷаҳонӣ акнун рӯ ба рушд овардаанд. Ҷаҳони пуртазоди феълӣ ҳаминро тақозо дорад. Инсоният роҳи дигари раҳоӣ ёфтанро аз бунбастҳо пайдо накардааст. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо вазифадорем дар канори давлат ва ниҳодҳои давлатӣ ҷо гирифта, ҷиҳати рушди Ватани тозаистиқлоли хеш роҳи созандагиро пеш гирем.
Дуруст аст, ки давлат пештози амалҳои бунёдкорона мебошад. Ин маъниро ҳеҷ кас инкор намекунад. Таҷрибаи чандинсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ин маъниро таъйид менамояд. Як ба хотир биёрем, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» чӣ фидокориҳоро аз ҷониби халқи кишвар бо сарварии муҳтарам Пешвои миллат талаб кард ва ҳоло натиҷаҳои онро мебинем. Дар ин ҷода заҳматҳои дигар моро дар пеш аст. Муҳим ин аст, ки ба худ бовар дошта бошем ва ба ҳарос наафтем. Ва дар ҳоли ҳозир низ моро зарур аст, ки мушкилиҳои пешомадаро, аз қабили пандемияи КОВИД-19, душвориҳои таъмини буҷет, норасоиҳои молу мавод ва ғайра бидуни тарсу ҳарос пушти сар намоем.
Истиқболи гарми ҷашнҳо бо меҳнати шабонарӯзии тамоми аҳли ҷомеа ба даст меояд. Ҳама аз як гиребон сар бароварда, танҳо баҳри ободию ободонии Ватани аҷдодӣ фикру андеша ва амал намуда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надодан-ин аст кору фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандони баору номуси мамлакат.
Ояндаи дурахшон, рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлолро мо ба ҳам месозем!
АБДУЛҚОДИР СОҲИБДИЛ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *