Ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки афсарон, хизматчиёни шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва собиқадорони соҳа маҷлиси ботантана доир гардид.
Бо ин муносибат табрикоти роҳбарияти шаҳрдорӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳа расонида шуда, таъкид гардид, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, ҳамчун ниҳоди муҳофиз ва наҷотдиҳанда дар мудофиаи аҳолӣ ва муҳити зист аз тањдиди офатҳои табиӣ азму талош намуда, ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми муносиб дорад.