Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад.
Интихоби ин рӯз таърихӣ буда, беш аз ҳазор сол муқаддам, яке аз фарзандони номвари тоҷик, олим, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ Ибни Сино дар ин рӯз ба дунё омадааст. Аз ин лиҳоз, табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино меноманд.
Ба муносибати иди касбии дармонбахшон дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши ботантана баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Акрамзоджа Парвиз Акрам табибонро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат муассисаву иншооти нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, табобат ва амалиёҳои мураккаби ҷарроҳӣ низ дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин радиф соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода ба як қатор комёбиҳо сазовор гардид.
Дар шаҳр 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 11 клиникаи хусусии бистарикунонӣ, 14 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ, 10 Маркази махсусгардонидашудаи пешгирӣ ва табобати бемориҳо дар хизмати аҳолии шаҳр қарор доранд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳр бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҷарроҳии батнӣ тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, инчунин иваз намудани пайванди рону кос, ҷарроҳии сар ва сутунмӯҳра ба роҳ монда шуд.
Сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои малакат низ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Турсунзода ба табобат меоянд, ки нишонаи эътимод ба касбияти соҳаи тибби шаҳр арзёбӣ мегардад.
Соли ҷорӣ хуруҷи пандемияи сироятии коронавирус (COVID-19) ҷомеаи ҷаҳониро рӯ ба рӯи мушкилоти зиёд карда, беш аз ҳама зарбаи он ба сиҳатии ҷомеа ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ мушоҳида гардид.
Дар баробари дигар кормандони соҳаи тибби мамлакат дармонбахшони шаҳри Турсунзода низ ба савганди табибӣ садоқат нишон дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус заҳмати шабонарӯзӣ намуда истодаанд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмири шуъбаи сироятӣ, таъмини кормандон бо маводи зарурии зиддисироятӣ, доруворӣ ва дастгирии кормандони соҳа бо маводи озуқаворӣ ба маблағи беш аз 1млн.200 ҳазор смонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар охир як қатор фаъолони соҳа бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.