Эълонҳо

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

print
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

  1. 1.Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр –1 ҷой, маоши мансабӣ 1898 сомонӣ
  2. 2.Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  804-00 сомонӣ;
  3. 3.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода- 1 ҷой маоши мансабӣ 660-00 сомонӣ
  4. Мутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода маоши мансабӣ 660-00 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804-00 сомонӣ;

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

 Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сешанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;

  1. Сармутахассис-сармуҳосиб, оморчии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;
  2. Сармутахассис-муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00  сомони;
  4. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов, маоши мансабӣ 732-00 сомонӣ
  5. Мутахассис оид ба корҳои андози Ҷамоати деҳоти Регар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600-00

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад

 

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

  Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

 

          – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

-3 собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малаки роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи кор бо компютер.

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • малакаи кор бо компютер.

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи кор бо компютер.

 Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи кор бо компютер.

   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кўчаи М. Турсунзода 130/45, телефон: (8-31-30) 2-22-07, 2-25-96

www.tursunzoda.tj, Email: hukumattursunzoda@mail.ru

 

           Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ  ҳар моҳ андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *