Нуқтаи назар

ДАР РОҲИ ОБОДГАРӢ

Рӯзҳои пешомад моро ба солгарди навбатии Истиқлолияти кишвар ва ҷашни 30-солагии таҷлили он наздиктар мегардонад. Ин бошад, моро ба ҷараёни азими кору пайкори худафрӯзӣ ҳамроҳ карда, масъулияти ҳар кадомро дар ин росто афзунтар намуда, водор месозад, ки ба ҳамин муносибат дастовезе дошта бошем, то ба рӯйи сурх ва чеҳраи кушоду фурӯзон худро дар оғӯш ва […]

Хабарҳо

САБЗКОРӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар атрофи майдони Парчамии давлатии шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Айни ҳол мутассадиён дар ин мавзеъ ба нарм кардани замин, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва обёрии минтақаҳои сабзкорӣ машғуланд. +2 24

Экология

ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки беш аз 800 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳал ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаи “Тозагии маҳал” ,“Тозагии роҳ” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки афсарон, хизматчиёни шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва собиқадорони соҳа маҷлиси ботантана доир гардид. Бо ин муносибат табрикоти роҳбарияти шаҳрдорӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳа расонида шуда, таъкид гардид, ки […]

Тандурустӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад. Интихоби ин рӯз таърихӣ буда, беш аз ҳазор сол муқаддам, яке аз фарзандони номвари тоҷик, олим, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ Ибни Сино дар ин рӯз ба дунё омадааст. Аз ин лиҳоз, табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино меноманд. Ба […]

Маориф

ТАҲСИЛ ДАР БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

Хонандагони муассисаи таълимии №29, деҳаи Обшорон ва муассисаи таълимии №69 – и деҳаи Зиёраттути ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд. Ба ин муносибат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар баргузории чорабинии Рӯзи дониш ширкат варзида, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои […]

Хабарҳо

БОНГИ ХАТАР! ОМОДАГӢ ДАР ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА

Ҳангоми сар задани ҳолати фавқулодда чӣ бояд кард? Чунин машқҳо дар шаҳри Турсунзода тибқи нақша доир гардида, омодагии сокинон ва корхонаву ташкилот маввриди таҳлил қаро дода мешавад. Вобаста ба мавзуъ гузоришро тамошо кунед https:/youtube.com/watch?v=Hc16HtCF7SM&list=RDCMUCnsTyeC110pW_CCAan4sCnA&index=1

Эълонҳо

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 1.Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр –1 ҷой, маоши мансабӣ 1898 сомонӣ 2.Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  804-00 сомонӣ; 3.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода- 1 ҷой маоши мансабӣ 660-00 сомонӣ Мутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти […]

Экология

САҲМГУЗОРӢ ДАР ТОЗАГИИ РОҲ

Хоҷадорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и шаҳри Турсунзода дар баробари истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар ҳифзи муҳити зист  ва корҳои ҷамъиятиву ободонӣ ширкати фаъолона меварзанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аксияи навбатии “Тозагии роҳ” санаи 8 август баргузор гардид, ки  хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и дар мавзеи […]