Хабарҳо

ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА СОЛИ РАВШАННАМОӢ ВА ЧАРОҒОНКУНӢ ЭЪЛОН ГАРДИД

print
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои  сайру гашт ва фароғати сокинон, чароғонкунии маркази шаҳр ва деҳот дар доираи эълон гардидани солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода  Акрамзода Парвиз Акрам дар бораи Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳри Турсунзода тасвиб расид.

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи манзилию комуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанзода имрӯзҳо дар шафати роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву тангкӯчаҳои маркази шаҳр 124 чароғи муосир насб гардида, равшаннамоии шаҳр муташаккилона идома дорад. Дар маҷмуъ танҳо дар маркази шаҳр насби беш 900 чароғ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи қарори мазкур маъракаи чароғонкунӣ аз 1 июли соли 2020 то 1 июли соли 2021 идома ёфта, дар ин муддат дар қаламрави шаҳр сутунпояҳои фарсудашуда иваз гадида, дар тамоми кӯчаву деҳаҳо, атрофи корхонаву муассиса ва шафати роҳҳои нақлиётгард  чароғакњои равшанидиҳанда  насб карда мешаванд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *