Хабарҳо

print
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.                      ПАРВИЗ АКРАМЗОДА: ИФШОИ КАМБУДИҲО ОМИЛИ ПЕШРАВИИ КОР АСТ.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни он мухбирони нашрияҳои “Ҷумҳурият”, АМИТ “Ховар”, “Народная газета”, “Баҳори Аҷам” шабакаҳои телевизионии ТВ «Сафина», “Ҷаҳоннамо”, радиои “Тоҷикистон” “Садои Душанбе” нашрияҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», маҳаллаҳои «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони ҷамъиятии ТВ «Регар», радиои «Садои Осиё» иштирок намуданд. Иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам нахуст вобаста ба натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми 2020 маълумот пешниҳод намуд.

Дар идома саволу ҷавоб ва суҳбати ошкоро сурат гирифт. Мухбирон вобаста ба масъалаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, расидагӣ ба арзу шикояти мардум, тадбирҳо вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешниҳоди имтиёз ба соҳибкорон, ва корҳои созанда ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, баргузории корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Акрамзода Парвиз Акрам иброз дошт, ки таклифу пешниҳод, ифшои камбудӣ ва иншои маводҳои таҳлилӣ аз ҷониби ВАО омили пешравии кор буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати иттилоотии давлат ҳамкориро бо намояндагони ВАО дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *