Мусаллам аст, ки мардуми мо аз қадимулайём дорои маърифати баланди инсонӣ ва рӯзгордорӣ буданд. Ба ин, дараву канори рӯдҳо ва мавзеъҳои хушобу ҳаворо макони доимии зист қарор додани ниёгон собит менамояд.
Пас аз ҳазор соли бедавлатӣ дар 29 соли соҳибистиқлол гардидани Ватани азиз халқи шарафманди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба саҳифаҳои таърихи норавшану торики сарзамини аҷдодӣ рӯшанӣ бахшад, мардумро аз асолати хеш бохабар ва шинос кунад. Дар 29 сол ҷиҳати рушди осоиштаи кишвар, боло бурдани иқтисодиёту иҷтимоиёт, боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, инкишофи илму фарҳанг, густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ба дастовардҳои беназир ноил гардидаем, ки мислаш дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ афсона менамуд. Дар робита ба гузаштаи ниёгон ва таърихи миллат дар ибтидои эҷоди идеологияи нав Президенти муаззами мо гуфта буданд:
«Халқи тоҷик, ки дар тӯли таърихи кишвар мавҷудияти худ аз санҷишу имтиҳонҳои шадидтарини ҳам мусбию ҳам манфӣ бо як рӯҳи шикастанопазир гузаштааст, имрӯз ба роҳи тайкардаи хеш аз даричаи таърих бо диққати том менигарад. Зеро таърих ба мо имконият медиҳад, то ба ҳар як марҳилаи рушди миллат, фарозу нишеби роҳи тайшудаи он, саҳми наслҳо ба пуршавии ганҷинаи моддӣ ва маънавию фарҳангии инсоният ҳам ба таври ҷудогона ва ҳам дар зинаи раванди ягонаи таърихӣ бингарем».
Ана ҳамин тавр таърихшиносӣ ва масири зиндагӣ, ки ҷаҳонбинии инсонро ғанӣ мегардонад, равандҳои душвори иқтисодию иҷтимоии даврони гузаштаю имрӯзаро барои одамон фароҳамтар ва дақиқтар месозад, ҳисси худшиносии инсонро бедор менамояд.
Гузаштаи дурру наздики худро надониста, таҳлил накарда, хулосаи амиқ набароварда фарди фаъолу бофарҳанг шудан мушкил аст.
Чуноне, ки қайд намудем, Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики се даҳсола боз истиқлолияти комили давлатӣ дорад. Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвар ба мушкилоти ҷиддӣ дучор гардид. Вале бо шарофати роҳбрии хирадмандона ва адолатпарваронаи президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари тозаистиқлол торафт ба пешравиҳои назаррас мувофиқ гашт.
Нодида гирифтани заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беадолатӣ буда. Боиси афсӯс аст, ки баъзе аз шаҳрвандони кишвар, ки бештари онҳо узви собиқи ҳизби мамнӯи наҳзат мебошанд. Онҳо дур аз ватан аз хориҷа истода, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет бо таъсиси саҳифаю сомонаҳои худ машғул гардида, мехоҳанд, вазъияти ороми кишвари моро халалдор созанд.
Имрӯз, ки бемории сироятии каронавирус COVID-19 аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ҳатто кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ночор монданд ва натавонистанд барои густариши саривақтии ин пандемия вокунуши фаврӣ нишон диҳанд. Дар чунин вазъияти душвору мураккаб ва ҳассос шаҳрвандони баору номуси кишвар бояд ба дарки амиқи масъала равнд, паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, заррае ҳам бошад, кӯмак ё дастгирии худро барои рафъи мушкилот расонанд. Имрӯз ба ҷои он ки наҳхзатиён барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш намоянд. Дар паёмҳои охирини онҳо эҳсос мешавад, ки то ҳоло мақсадҳои ғаразноки худро идома дода, саҳму талош ва кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо ва пешгирии бемории сироятии коронавирус нодида мегиранд.
Чунон, ки ҳамагон шоҳиданд чанде пеш тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанади «Хиёнат” намоиш дода шуд, ки дар он амалҳои разилонаю нобахшидании аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар он ҷой дода шуда буд. Ин филм собит кард, ки пайравони ин ҳизб ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият то имрӯз дар фикри харобкорию исёнкорӣ ҳастанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳамагон бояд нисбат ба амалкардҳои ин исёнкорони миллат вокуниш нишон диҳем ва нагузорем, ки онҳо дар ҷамъият таъсири манфии худро расонанд.
Моро бояд мубориза барем, то ваҳдату якпорчагии кишвар таъмин бошад ва ҷавонони саодатманди мо зери ливои ваҳдату ягонагӣ барои таъмини сулҳу суббот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона талош варзем ва осиштагии кишвари маҳбуб – Тоҷикисонро ҳифз намоем.
Ҳамроқул ҶӮРАЕВ