Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.
Ин икдоми нек ҳамасола дар шаҳри Турсунзода дар дастгирӣ ёфта, маъюбони шаҳр мавриди ғамхорӣ қарор гирифта, ба онҳо кӯмак расонида мешавад.
Кумаки навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Турсунзода ба як қатор маъюбони шаҳр расонида шуд, ки аз ин амали хайр мо изҳори сипос менамоем.
Мо, шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар мамлакат аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдор ҳастем. МО ВАТАНИ АЗИЗ – САРЗАМИНИ БИҲИШТОСОИ ХУДРО ДӯСТ МЕДОРЕМ ВА БО ИФТИХОР МЕГӯЕМ, КИ ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН ҲАСТЕМ.