Вохӯри бо ҷамоат

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲР

print

Вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо сокинони шаҳри Турсунзода идома дошта, давоми 2 рӯзи охир чунин вохӯриҳо бо фаъолони маҳаллаҳои 1,2,3,4 ва 7 баргузор гародид.

         Да р оғоз Акрамзода Парвиз Акрам доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан кардаа, иброз дошт, ки шаҳри мо низ ҳамчун шаҳри саноативу кишоварзӣ тараққӣ карда, ба яке аз шаҳрҳои зебову пешрафтаи кишвар мубаддал гардид.

         Таъкид шуд, ки шаҳри Турсунзода ҳамчун дарвозаи ғарбии мамлакат арзёбӣ гардида, меҳмонон аз фарҳанги шаҳрдории мо Тоҷикистони азизро баҳогузорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар замири насли наврас фарҳанги баланди шаҳрдорӣ, муҳаббат ба Ватан, дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва қадри сулҳу оромиро тарбия намоем. Ҳамзамон, маърифати шаҳрдорӣ аз ҳар сокини шаҳр талаб менамояд, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани роҳу пайроҳа, гулгаштҳо ва боғу варзишгоҳҳо кӯшиш ба харҷ дода, бо масъулияти баланд қарзи имониву виҷдонии худро ба ҷо биёранд.

         Корҳои анҷомшударо дар самти созандагӣ шарҳ дода, Акрамзода Парвиз Акрам изҳор дошт, ки дар шаҳр корҳои ободонӣ, гулкориву хуррамгардонӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, танзими хатсайрҳои дохилӣ ва беруназшаҳрӣ амалӣ гардида, ин амали созандаро хурӯҷи бемории сироятии корнавирус коҳиш дод. Таъкид гардид, ки беморӣ набояд сокинони шаҳрро ба таҳлука гирифтор кунад. Баръакс, сокинонии шаҳрро мебояд дар доираи риояи талаботи тавсиявии духтурон корҳои созандаро тақвият диҳанд.

         Акрамзода Парвиз Акрам ҳамчунин илова намуд, ки бо мақсади истиқболи арзандаи 30-солагии Истилолияти давлатӣ дар шаҳр сохтмону таҷдиди беш аз 360  иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, зиёда аз 170 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин замина  аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки  ба масъалаи ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созанда эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Дар идома вобаста ба риояи талаботи шаҳрдориву маърифати шаҳрнишинӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакон, сабзкориву ҳифзи муҳити зист, чароғонкунии  кӯчаву маҳалла ва даромадгоҳҳои биноҳои баландошёна, таъмири роҳравҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба шаҳрдорӣ музокира сурат гирифта, фаъолон дархосту таклифҳо пешниҳод намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *