Поделиться
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу амният, ваҳдату ҳамдилӣ Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.
Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии иди саидро ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода самимона табрик намуда, сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.
Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси мардуми мо буда, сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардааст.
Моҳи Рамазон ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ дар давоми садсолаҳо ҷиҳати тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст.
Ҳикмати аслии ин айём дар он аст, ки инсонро ба иҷрои корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва расонидани кумаку ёрмандӣ ба якдигар роҳнамоӣ месозад.
Дар ин рӯзи саид барои Ватан сулщу субот, оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мо арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳар фарди бонангу номус ва огоҳу бедордилро мебояд дар рӯзҳои иду айём барои ҳифзи суннатҳои аҷдодӣ, дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватанамон дастгирии ниёзмандон ва осудагии ҳар хонавода кӯшиш намояд.
Ҳамдиёрони азиз!
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятии коронавирус (СОVID-19) моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем. Чун дигар давлатҳо ин беморӣ дар кишвари мо ҳам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор шавем. Моро зарур аст, ки дар чунин шароит ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем, зеро тибқи таълимоти дини мубини Ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ буда, аз нуктаи назари ислом низ тозагӣ аз талаботи аслӣ маҳсуб меёбад. Дар ин хусус пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: – “Покизагӣ нисфи имон аст”.
Эътимоди комил дорем, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар баробари тамоми сокинони сарбаланди мамлакат бо риояи тавсияи табибон ва ҳифзи саломатии худ ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро, ки ризқу рӯзии аҳли оила ва мардум аст, самаранок истифода намуда, ба хотири фаровонии дастархони хеш якдилона ва аҳлона заҳмат мекашанд.
Хайру савобе, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр анҷом додани он зикр шудааст, садақа ба наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки эҳсонкору хайрхоҳ, ростқавлу росткор ва саховатпешаву ҳимматбаланд буда, мададгори ниёзмандон бошад. Давоми моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби як қатор соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус иқдоми наҷиби саховатмандона амалӣ гардида, ба гирифторони беморӣ, табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, ниёзмандону маъюбон кӯмакҳо расонида шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба тамоми соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати иқдоми хайриявӣ ва эҳсонкорӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро расонида, итмонон дорем, ки мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ба муносибати иди саиди Фитр ва минбаъд низ дар доираи имкон ба эҳсону сахо ва идомаи амалҳои солеҳу шоиста талош менамоянд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзунро таманно менамоем.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!
Вы, Баракатулло Атоходжа, Jamila Huseinova и ещё 6
Поделились: 34
Нравится
Комментировать