Боиси ифтихору саодатмандист, ки бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 май дар мамлакат рӯзи ҷавонон бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҷавонони шаҳрро самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба Ватан садоқатмандиро тамандд
Ҷавонон нерӯи созандаи Ватани азизамон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат барномаву нақшаҳои муҳим тарҳрезӣ гардида, саҳми ҷавонон дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Дар партави сиёсати хирадмандони муҳтарам Пешвои миллат барои ҷавонон ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва хориҷ аз он муваффақона таҳсил намуда, барои омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир дар талош ҳастанд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд.
Дар ин замина бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи донишандӯзиву касбомӯзӣ дар шаҳри Турсунзода чандин муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, барои хонандагони болаёқат литсейи Президентӣ, барои варзишгарони муваффақ стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр ва квотаҳои таълимӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар таълимгоҳҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таъсис гардидаанд.
Ҷавонони шаҳри мо низ мо ҷавобан ба амалҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзиши илму фан талош менамоянд. Аз ин рӯ, сол то сол сафи ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннӣ ва сабқатҳои варзишӣ бештар гардида, онҳо шарафу обрӯи Тоҷикистонро дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ низ ҳифз намуда, Парчами Тоҷикистонро боло афрохтаанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Турсунзода сафи ҷавонони далеру ватандӯст зиёд буда, имрӯзҳо беш аз ҳазор нафар ҷавонони мо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандиро ба ҷо меоранд.
Ҷавонони азиз,
Ҳукумати кишвар ба ҷавонон, ҳамчун қувваи бузурги созанда ва ободгарони Ватан эътимод дошта, саҳми ҷавононро дар татбиқи ҳадафҳои муҳими давлатӣ баланд арзёби намуда, муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд: “Боварӣ дорам, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд”.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони шаҳри Турсунзода эътимоди муҳтарам Пешвои миллатро сазовор буда, ҳамчун қувваи созандаи ҷомеа бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ содиқонаву сарбаландона дар хизмати Ватан омода буда, дар тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, афзун гардонидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми муносиби хуро мегузоранд.
Бо ибрози чунин орзуҳои нек бори дигар ҷавонони шаҳриТурсунзодаро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоем.
Ҳамеша солиму сарбаланд бошед!
Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!