Имрӯз аз ҷониби ҶДММ “Ҳоҷӣ Файзуллохон”, ки сарварии онро соҳибкори муваффақ Рустам Раҷабалиев ба уҳда дорад, ба беш аз 100 нафар кормандони соҳаи тиби шаҳри Турсунзода, ки дар ин рӯзҳои душвор ба табобати гирифторони бемориҳои сироятӣ машғул буда, ҷиҳати рафъи он содиқона хизмат мекунанд, кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған, шакар ва ғайраҳо расонида шуд. Ворисони Сино барои эҳсони ҷавонмардонаи ин марди эҳсонкор дуои хайр намуданд.