Аз ин рӯ, ман ҳамчун ҳуқуқшинос изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба баста шудани сомонаҳои «Ахборком» (www.akhbor.com) ва «Наҳзат.ру» (nahzat. ru), ки ғояҳо ва ақидаҳои ифротии ташкилотҳои мамнуъ ва террористию экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон» ва «Ҳизби наҳзати ислом»-ро бо интишори мақолаву матлабҳои муғризона паҳн менамоянд, хондам ва онро дуруст меҳисобам. Ин як тадбири ниҳоят зарур ва муҳимест, ки мақомоти Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти кишварамон амалӣ кардаанд. Акнун бояд тамоми сокинони кишварамон аз ин иқдоми наҷиб огоҳ бошанд ва онро дастгирӣ карда, дуруст дарк намоянд, ки сомонаи «Ахборком», “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Востокнюс” -и ифротӣ ва мамнуъ мебошанд.
Дар баробари ин, бояд ҳамаи шаҳрвандон дар дохилу хориҷи кишвар дониста бошанд, ки дар сурати мусоидат, ҳамкорӣ ва ёрӣ додан ба таъсисдаҳандагон ва намояндагони сомонаҳои интернетии мазкур, хусусан «Ахборком», аз ҷумла ба онҳо расондани ҳар гуна хабару маълумотҳои иғвоангези зидди манфиатҳои миллӣ, ин гуна шахсон ҷинояти дар моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир мекунанд. Ин моддаи қонуни ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул карда шудааст, муқаррар намудааст. Дар ин ҳолат сухан дар бораи шахсе меравад, ки қасдона қарори судро иҷро накарда, фаъолияти ғайриқонунии ин ташкилотро идома медиҳад. Яъне дар сурати ҳар гуна ҳамкорӣ ва расондани кӯмак ба сомонаҳои мазкури мамнуъ ва ҷиноятпеша, шахс дар ҷинояти онҳо ҳамиштирокчӣ (тибқи моддаҳои 35 ва 36 Кодекси Ҷиноятии ҶТ, мафхуми ҳамиштирокчӣ будан дар ҷиноят шахси ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ё ёрдамчӣ будан дар содир гардидани ҷиноятро дар баробари иҷрокунандаи ҷиноят дар назар дорад) гардида, ҳатман мутобиқи моддаи 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул карда шудааст) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Вобаста аз ахбори пешниҳодкарда, агар ин маълумотҳо ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, паст задани шаъну шарафи миллӣ, инчунин даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолитяти экстремистӣ (ифротгароӣ) равона бошад, ин шахсон метавонанд бо моддаҳои 189 ва 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Моддаи 189 ҷавобгарии ҷиноятиро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ва моддаи 307 – барои даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ муқаррар кардаанд.
Ин моддаҳои Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро аз 5 то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар кардаанд, ки аз рӯи таҷриба нисбаташон қонуни авф татбиқ карда намешавад.
Эмомалӣ Буризода,
мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ ҶТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ