Изҳороти расмӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА СОКИНОНИ ШАҲР

print

Ҳамдиёрони азиз,

Сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода!

Дар асоси маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 2020 бемории сироятии коронавирусии CОVID-19 дар Ҷуҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шуда,  бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

Ҳамдиёрони азиз,

Ба қайд гирифтани беморӣ дар ҷумҳурӣ моро набояд ба таҳлука гирифтор намояд, баръакс мо бояд дар самти мубориза бо беморӣ фаъол бошем. Пешгирии паҳншавии беморӣ  аз ҳар як шаҳрванд вобаста буда, масъулияти баланди риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро тақозо менамояд.

Дар навбати худ Ситоди доимамалкунандаи шаҳрӣ фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ бозору марказҳои савдо, ва дигар инфрасохтори иҷтимоии шаҳрро зери назорати қатъӣ қарор додааст, ки ёрии тиббӣ ва маводи аввалияи зарурӣ ба сокинони шаҳр сари вақт таъмин карда шавад.

Бинобар ин, аз ҳар як сокини шаҳр хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошт ва гигиенаи шахсиро  қатъиян риоя карда, тозагии хонаву дар, инчунин амалӣ намудани корҳои безараргардониро дар муҳити зисти худ таъмин намоянд.

Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию касбӣ ва муассисаҳои олии кишвар муваққатан таътил эълон гардид. Вобаста ба ин,  аз падару модарони муҳтарам даъват менамоем, ки фарзандони худро  назорат кунанд, то онҳо бе зарурат аз хона набароянд. Дар ин давра беҳтарин амал ҷалби кӯдакон ба  китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб рафта,  риоя ҳатмии тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ усули муҳимтарини пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳангоми эҳсос кардани табъи баланд, сулфа, нафастангӣ ва  бемадорӣ дар вуҷуди худ ҳатман духтури оилавиро ба хона даъват намоед. Зинҳор бахудтабобаткунӣ роҳ надиҳед.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ  тавсия дода мешавад, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯед.

Зарур аст, ки  дар давоми рӯз бештар аз оби ҷӯшонидашуда истифода баред.  Ҷисман фаъол буда,  баданро обутоб диҳед, зеро ин амал  омили пешгирии касалиҳо мебошад.

Тез- тез ҳавои хонаро тоза намуда, чанги онро бо латтаи нам пок кунед.

Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаҳо  ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоед.

Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накунед, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намоед, яъне ҳангоми суҳбат аз ҳамдигар якуним- ду метр қарор дошта бошед.  Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз 2-3 нафар бештар ҷамъ наоед!

Дар ҷойҳои ҷамъитӣ аз 2-3 нафар зиёд ҷамъ нашавед, фосилаи 1,5 то 2 метрро байни ҳамдигар риоя намоед.

Бе зарурат рафту омад намудан аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва ё минтақаҳои гуногуни шаҳр худдорӣ намоед.

Ба шаҳрвандони аз 65 сола боло тавсия дода мешавад, ки аз хона набароянд, зеро барои шахсони ин синну сол хавфи гирифтор шудан ба бемори зиёдтар аст.

Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагӣ дорад. Агар ҳар яки мо ин амалҳоро риоя намоем, барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ саҳмгузор хоҳем шуд.

Ҳангоми пайдоиши аломатҳои беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур буда,  зинҳор бо худмуолиҷакунӣ машғул нашавед!

Ҳифзи саломатии худ ва аҳли оила масъулияти ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад, зеро бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус  танҳо таввассути  одам ба одам мегузарад, яъне паҳнкунандаи вирус худи инсон мебошад. Пас, кӯшиш намоед, ки на паҳнкунанда, балки пешгирикунандаи вирус бошед!

Ҳамчунин, ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки ҳамаи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳр, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд. Ҳамзамон табибони оилавӣ вазифадоранд, ки  ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд.

Дар баробари ин, роҳбарияти шаҳри Турсунзода тамоми имконияту захираҳоро сафарбар месозад, ки барои сокинони шаҳр шароити мусоид фароҳам оварад ва ҳамаи чораҳои бехатариро доир ба ҳифзи саломатии ҳамдиёрон амалӣ намояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо эътимоди комил изҳор медорад, ки мо бо саъю талоши якҷоя ин мушкилотро паси сар мекунем ва минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти шаҳрамон меҳнати софдилонаро идома медиҳем.

Аз ҳамдиёрон хоҳиш карда мешавад, ки талаботу тавсияи духтуронро риоя намуда, умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо бо саъю кӯшиш  ва дастгирии ҳамдигар метавонем пеши роҳи паҳншавии  ин бемории сироятиро  гирифта, тамоми имконияту нерӯи созандаи худро барои рушди шаҳри азизамон ва зиндагии шоистаи сокинони меҳнатдӯсти шаҳрамон  сафарбар менамоем.

         Ҳамеша солиму сарбаланд бошед,  ҳамдиёрони азиз!

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *