Таҷлил

ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

print
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бахшида ба  75 солагии  Ғалаба бар фашизм бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтара Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам-Пешвои миллат иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дар манзили зисташон дидан намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раис шаҳр Собирзода Ғ роҳнамоӣ намуд.

Зимни боздид аз манзили истиқоматии иштирокчиёни ҶБВ бо ҳар яки онҳо суҳбат гузаронида шуда, салому қадрдонӣ  ва маблағи шаш ҳазор сомонӣ  мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллатро  супорида, Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай афзуд, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Дар ин дидорбинӣ  инчунин муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ салому эҳтиром ва маблағи се ҳазор сомонӣ кӯмакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳрро аз номи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ба собиқадорони ҷанг  тақдим намуд.

 Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои дастгирии навбатӣ ба  Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  арзи сипос намуда,  ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр нкамуданд.

Боиси қайд аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурда, 58 ҳазор нафарбарои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро  сазовор гардидаанд.

Дар ин радиф беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар роҳи муҳофизати Ватан шаҳид шудаанд.

Соли равон 75-солагии иди Зафарро ҳамагӣ 6 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 6 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *