Экология

ЭЪЛОН ОЗМУН

print

ШУЪБАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои амалӣ гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди беҳтарин маводи  журналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ – пояи рушди устувори давлатӣ ва ҷомеа» ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД. Ғолибон ҷиҳати дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Хоҳишмандон то санаи 25 май маводҳои худро ба ШУЪБАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ирсол намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба рақами телефони      (83130) 24860 дар тамос бошед

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *