Экология

ЭЪЛОН ОЗМУН 

print

ШУЪБАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои амалӣ гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»,«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мавзӯи «Ҳифзи табиат-омили саломатии ҷомеа» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд. Озмун дар байнихонандагонисинфҳои 1-4,5-8, 9-11 бо 6 наминатсия: расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, видеоролики беҳтарин, кори меъмории беҳтарин гузаронида мешавад. Ғолибон ҷиҳати дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Хоҳишмандон то санаи 25 май маводҳоихудро ба ШУЪБАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ирсол намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба рақами телефони (83130) 24860 дар тамос бошед

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *