Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев дар намоиши омодагии техника ва мошинолоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ширкат варзида, бо механизаторон суҳбат оростанд.
Зимни боздид аз намоиш ба раиси шаҳр ва муовини вазири кишоварзӣ вобаста ба омодагии техника ва мошинолот маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки дар шаҳр беш аз 1900 техникаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 1700 техника омода ба кишт мебошад. То оғози мавсими кишт шумораи дигари техника низ аз таъмир бароварда шуда, ба маввсими кишт сафарбар мегардад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки 494 испор, 38 тухмипош, 261 сихмола, 1186 ядакҳои тракторӣ, 36 култиватор ва дигар мошинолотҷиҳати хизмат ба кишоварзон дар хоҷагиҳо омода аст. Дар ин давра беш аз 300 техникаи хусусӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, аз 1 март то 4 апрели соли ҷорӣ техникаи хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди гузаронидани муонаи техникӣ қарор дода мешавад.
Боиси қайд аст, ки майдонии умумии кишт дар шаҳр беш аз 20070 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон тибқи дурнамо дар зиёда аз 9000 гектар кишти баҳориро дар нақша доранд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР