Сиёсат

МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз мушоҳидони байналмилалӣ вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси наояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ва участкаҳои интихоботии шомили ҳавзаи мазкур дидан намуданд.

Нахуст раиси Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси наояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 вобаста ба фаъолияти ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Турсунзода ба мушоҳидон маълумот пешниҳод намуд. Тавре иттилоъ дода шуд дар Ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 64 участкаи интихоботӣ мавҷуд мебошад. Шумораи интихобкунандагон дар ин ҳавза ба 135 ҳазору 431 нафар баробар аст. Аз ҳавзаи мазкур номзадии 3 нафар ба вакилии Маҷлилси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар баробари дидан намудан аз шароиту имконоти мавҷуда дар участкаҳои интихоботии Ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси наояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ҳамчунин бо фаъолияти ҳавза, аз ҷумла низоми ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани руйхати интихобкунандагон ва дигар корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шинос шуданд.

Дар ҳамин замина мушоҳидони байналмилалӣ вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд дода, дар чунин шароит умед бар он бастанд, ки интихоботи нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ  ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *