Хабарҳо

ДАСТАРХОНОРОӢ   –  ТАРҒИБИ ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ

print

      Дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, дар тарабхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода озмуни дастархонороӣ баргузор шуд. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ ва тарбияи насли ҷаавон ҷиҳати андӯхтани нозукиҳо ва омодасозии таомҳои миллӣ буда, аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, муассисаву ташкилоти гуногуни шаҳр 17 дастархон бо риояи анъанаҳои миллии дастархонороӣ ороста ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардид. Бо дарназардошти талаботи Низомнома ва тартиби баргузории озмун комиссияи шаҳрӣ тарзи дастархонороии иштрокчиёни озмунро баҳогузорӣ намуд. Дар натиҷа   дастархони Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи 1 дониста шуд. Тарзи дастархонороии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов,  Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр ва Коллеҷи ғайридавлатии шаҳр ҷаавобгӯи зинаи 2 гардида, ҳунари дастархонороии Ҷамоати деҳоти 10-солангии Истиқлолият, шабакаи кӯмаки аввалия ва тиббию санитарӣ, шуъбаи маориф ва  Беморхонаи шаҳрии №2  лоиқи зинаи сеюм дониста шуд. Барои ишӯоли зинаҳои ифтихорӣ иштироки фаъолона ҳолибон бо сипоснома ва мукофотпулии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *